Ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада 30 адад адабиёти соҳавӣ тақдим гардид

Имрӯз, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл дотсент Бобоев Раҳимҷон бо ҳамроҳии муовини декан оид ба тарбияи факултети металлургия Бақоев Баҳзод, омӯзгори ҳамин кафедра Шамсиддинов Шӯҳрат ба директори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада Олимӣ Раъно 30 адад адабиёти соҳавиро аз муаллиф Раҳимова Раҳима Ҳусенова, ки қаблан дар кафедраи ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият доштааст, тақдим намуд. 

Адабиёти тақдимшуда, асарҳои “Ҳамлу нақли автомобилии борҳо, васоити таълимӣ (маҷмуи масъалаҳо ва тестҳо)” нашри 2014, “Ҳамлу нақли борҳо (барномаи таълимӣ ва васоити аёнӣ)” нашри соли 214, ва “Ҳамлу нақли автомобилии борҳо, васоити таълимӣ барои иҷрои лоиҳаи курсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси 440101” нашри соли 2015 мебошад, ки  муаллифи он олими тавоно, бонуи фаъол ва зани меҳнатдӯст Раҳимова Раҳима Ҳусенова мебошад. 

Зимни ба расмимият даровардани адабиёти мазкур директори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада Олимӣ Раъно ба мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл  дотсент Бобоев Раҳимҷон изҳори миннатдорӣ баён дошта, изҳор дошт, ки сипосмандӣ ва миннатпазирии моро ба муаллифи гиромӣ  Раҳимова Раҳима Ҳусенова бирасонед.

Қайд намудан зарур аст, ки кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургияи Донишкада яке аз кафедраҳои фаъол ва пешқадам буда, дар назди он 6 курси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз марказҳои хирад ва дониш буда, дорои 250000 адабиёти соҳавӣ ва 300000 адабиёти электронӣ мебошад, ки донишҷӯён метавонанд фаъолона аз он истифода созанд.

Шуъбаи иттилоот