Қабули шаҳрвандон дар Донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Шаҳрвандонро муовини аввали ректор Давлатзода давлат қабул намуда, муроҷиати ононро баррасӣ намуд. дар қабули шаҳрвандон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором, декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижа, котиби Шурои марказии илмӣ-методӣ Сафарзода Муллоохин низ ширкат намуданд.

Давлатзода Давлат муроҷиати шаҳрвандонро оид ба кор қабул намудан, оид ба барқарор намудани донишҷӯ, оид ба интиқол гирифтан ба ихтисоси дигар  баррасӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки масъалаҳоро дар доираи қонун дида, ба масъулин ба тариқи хаттӣ посух дода шавад.

Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки тибқи қонун ва масъулияти баланди омӯзгорӣ мо бояд арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандонро  сари вақт баррасӣ намуда, шаҳрвандонро қонеъ созем.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкада баргузор мешавад ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.

Шуъбаи иттилоот