Санаи 21-уми январи соли равон дар ҷаласаи бошукӯҳи ҳизбӣ, ки дар шаҳри Бӯстон бо ширкати фаъолони ҳизб баргузор гардид, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон барои фаъолияти пурсамар, тарбияи дурусти донишҷӯён ва саҳми арзанда дар тарғиби ғояҳои волои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.
Ҳайати профессорию омӯзгорӣ Мирбобоев Шӯҳратҷонро бо ин дастоварди беназири ҳизбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар иҷрои рисолати волои омӯзгорӣ комгорӣ таманно менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Мирбобоев Шӯҳратҷон аз омӯзгорони фаъол ва ҷавонони пешгом буда, барои тарбияи насли ҷавон саҳми арзишманд гузоштааст.
Шуъбаи иттилоот
