БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ ФАКУЛТЕТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Дирӯз, дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ҷаласаи машваратӣ бо ширкати садорат ва ҳайати профессорию омӯзгории факултет баргузор гардид.
Ҷаласаро декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дотсент Мирбобоев Шӯҳрат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақшаи кории факултет, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби довталабон, иҷроиши бандҳои Стратегияи рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, баргузории семинару тренингҳо, қадрдонии омӯзгорони фаъол ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ суханронӣ намуд.
Мавсуф, иброз дошт, ки ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизоти наву замонавӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои омӯзиши ихтисоси зеҳни сунъӣ дар Донишкада ва ҳамкорӣ бо омӯзгорони донишгоҳҳои ШМА тибқи дастури раёсат аллакай як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин омӯзгорону профессорон андешаҳои хешро оид ба рушди факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ва пешбурди кор иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тозатаъсис буда, барои омӯзиши ихтисосҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, омода намудани мутахассисони зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст.
Шуъбаи иттилоот