АФЗАЛИЯТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 16 декабри соли 2025 соли ҷорӣ ироа шуд, ҳамчун санади стратегӣ ва роҳбалади давлатдорӣ барои бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва махсусан иқтисодии кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Ин Паём дар шароити ҷаҳони тағйирёбандаи иқтисодӣ ва мушкилоти ҷаҳонӣ баёнгари ҳадафҳо ва афзалиятҳои рушди иқтисоди миллӣ барои солҳои наздик мебошад.
Паёми соли 2025 на танҳо ҷамъбасти натиҷаҳои соли гузашта аст, балки ҳамчун нақшаи стратегии рушди кишвар барои марҳилаи оянда муайян карда шудааст. Он бар асоси таҳлили воқеияти иқтисодӣ, потенсиали миллӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҳадафҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, такмили низоми молиявӣ ва рушдёбии саноати миллӣ барои солҳои наздикро муайян мекунад.
Дар Паём таъкид гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ва рушди иқтисоди инкишоф ёфта истодааст. Ба шарофати татбиқи сиёсати иқтисодии давлат, дар соли 2025 ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба маротиб афзуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид. Ҳаҷми даромади аҳолӣ дар давоми даҳа соли охир аз 26 миллиард сомонӣ ба 165 миллиард сомонӣ расидааст, ки нишондиҳандаи афзоиши рушди устувории иқтисодиро нишон медиҳад.
Ин сатҳҳои афзоиш нишон медиҳанд, ки иқтисоди миллӣ бо суръати кофӣ рушд карда, амнияти молиявӣ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар мегардад.
Паём ба унвони ҳуҷҷати барномавӣ нақшаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои мушаххаси рушди иқтисодро муқаррар мекунад, ки асоси сиёсати иқтисодиро барои солҳои оянда ташкил медиҳад.
Афзоиши рушди устувори иқтисодӣ. Ин яке аз самтҳои муҳим аст, ки иқтисоди миллӣ бо суръати на камтар аз 8% солона рушд намуда истодааст. Ин ҳадаф нишон медиҳад, ки суръати рушдро дар сатҳи байналмилалӣ баробар ва ҳатто болотар вусъат ёфта, то сатҳи зиндагии мардум ва имкониятҳои корсозӣ баланд бардошта шавад.
Касбсозӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ дар Паём таъкид карда шуд, ки бояд дар давраи оянда 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ эҷод карда шавад, ки ин барои зиёд кардани имкониятҳои меҳнатӣ ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ нақши муҳим дорад. Ин тадбир ҳамчун омили муҳими беҳбудии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пазируфта шудааст.
Баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ интизор меравад, ки даромади умумии аҳолӣ дар оянда ду маротиба зиёд намуда сатҳи камбизоатӣ то сатҳи 15% кам гардад. Ин ҳадафҳо барои таҳкими некуаҳволии иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ дар назар гирифта шудааст.
Дар Паём иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисод қайд шуд. Таваҷҷуҳ ба технологияи иттилоотӣ, истифодаи қувваи зеҳнии сунъӣ ва марказҳои иттилоотӣ барои афзоиши самаранокии хизматрасониҳо ва рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим мебошад. Ин стратегия барои мубориза бо монеаҳои анъанавии иқтисодӣ ва иҷрои хизматрасониҳои замонавӣ мусоидат менамояд.
Паёми Пешвои миллат дар соли 2025 – ум ҳамчун як роҳнамои стратегӣ барои рушди кишвар дар шароити ҷаҳоншавӣ ва рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад. Роҳандозии ин ташабуссҳо на танҳо барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, балки барои таъмин намудани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушди устувор мегузорад. Рушди иқтисодии рақамӣ ва инноватсия, ки дар меҳвари Паём қарор гирифт, барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати рақобатпазири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Саидов Мустафохон Каримович – н.и.и.,
мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон