НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ САНОАТИ МЕТАЛЛУРГӢ

Дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар эълон шудааст. Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун барномаи мукаммали корӣ ва харитаи роҳ барои рушди тамоми соҳаҳо, махсусан саноати металлургӣ, хизмат мекунад.
​Пешвои миллат дар паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок аст ва истифодаи самараноки онҳо заминаи асосии истиқлолияти иқтисодиро ташкил медиҳад. Нақши Паём дар ин самт дар нуктаҳои зерин зоҳир мешавад:
Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки маъдани дар кишвар истихроҷшаванда бояд то марҳалаи заргарӣ ва маҳсулоти ниҳоии металлӣ коркард шавад.Паём ҳамчун кафолати суботи сиёсӣ барои сармоягузорони хориҷӣ хизмат карда, замина месозад, ки технологияҳои муосири металлургӣ ба кишвар ворид шаванд. Рушди корхонаҳои азими металлургӣ, ба монанди ТАЛКО ва корхонаҳои коркарди тиллову нуқра, ҳазорон нафар мутахассисони маҳаллиро бо кор таъмин мекунад. Дар натиҷаи амалӣ намудани дастурҳои дар Паём зикршуда, соҳаи металлургияи Тоҷикистон ба муваффақиятҳои зерин ноил гашт. Бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои шимол ва маркази кишвар, ки металлҳои ранга ва қиматбаҳоро коркард.мекунанд.Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи муҳити зист боиси он гаштанд, ки корхонаҳои металлургӣ ба технологияҳои каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар гузаранд. Имрӯз маҳсулоти металлургии Тоҷикистон (алюминий, консентратҳо, тилло) дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи хос дорад.
​Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки муҳаррики асосии рушди саноати ватанӣ мебошад. Татбиқи саривақтии дастурҳои дар он зикршуда имкон медиҳад, ки соҳаи металлургия ба қуллаҳои нав баромада, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми босазо гузорад. Пешвои миллат дар Паёмҳои худ таъкид менамоянд, ки «Тоҷикистон бояд на танҳо истихроҷкунанда, балки истеҳсолкунандаи маҳсулоти заргарӣ бошад». Дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ, корхонаҳои «Зарафшон», «Пақрут», «Тиллои Тоҷик» ва «Апрелевка» ҳаҷми истихроҷ ва коркарди тиллоро дар даҳсолаи охир чандин баробар зиёд карданд. Тибқи супоришҳои Паём, дар кишвар корхонаҳои коркарди тилло то сатҳи «аффинаж» (тиллои холис) ба роҳ монда шуданд, ки ин захираҳои тиллову асъори кишварро мустаҳкам мекунад. Бунёди маҷмааҳои бузурги кӯҳӣ-коркард дар Шимоли Тоҷикистон (масалан, Истиқлол ва Гулистон) имкон дод, ки консентрати сурб, рӯҳ ва мис бо сифати баланд истеҳсол ва содирот карда шавад. Саноати металлургӣ бо ҳидояти Пешвои миллат ба яке аз корфармоёни асосӣ табдил ёфтааст. Бо дастгирии Пешвои миллат ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар (Русия, Чин, Олмон) дар риштаи металлургия таҳсил карда, имрӯз идораи технологияҳои мураккабро ба зимма доранд. Корхонаҳои металлургӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ҳамчун «шаҳрсоз» баромад карда, роҳҳо, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мекунанд.
Шуҳратзода Шоҳруз – мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон