СЕМИНАР ДАР ДКМТ: СОЛҲОИ 2025-2030 СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

Имрӯз дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати омӯзгорону кормандон бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” семинари илми-амалии факултети металлургия таҳти унвони “Рушди иқтисоди рақамӣ ва имкониятҳои саноатикунонии босуръати кишвар” баргузор гардид.
Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, иқтисоди рақамӣ ва рушди он суханронӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки гузаштан ба иқтисоди рақамӣ яке аз афзалиятҳои рушд дар шароити феълӣ мебошад.
Сипас, дар семинари имрӯза дотсенти кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Мӯминов У.А. дар мавзуи “Истеҳсоли технологияи металлӣ алюминий бо усули карботермия”, омӯзгори кафедраи ташкил ҳамлу нақл Додохонов М.М. Дар мавзуи “Системаи автоматии идоракунӣ”, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Х. М. дар мавзуи “Тартибдиҳии регрессионалӣ коррелятсионии рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Дар семинар олимону кормандон атрофи масоили матраҳшаванда баҳсу баррасиҳо намуда, роҳҳалҳои пешниҳодгардидаро аз ҷониби маърузакунандагон муфид арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин семинари илмӣ-амалӣ аз ҷониби факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов