Имрӯз як қатор хатмкунандагони мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А. Чехови шаҳри Хуҷанд барои бохабар гардидан аз имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба Донишкада ташриф оварданд. Хатмкунандагонро декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат бо ҳамроҳии омӯзгорон истиқбол намуда, роҷеъ ба имкониятҳои Донишкада, афзалиятҳои факултети навтаъсиси зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳо ва шароити баъди хатми донишҷӯён маълумот дод.
Хатмкунандагон аз озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ, синфхонаҳои таълимӣ, озмоигоҳҳои кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дидан намуда, бо ҳолати таълим ва имконоти тадрис шинос гардиданд. Зимни боздид аксарияти хатмкунандагон ҳавасмандии таҳсил дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои беҳтарини таълимӣ буда, тамоми хатмкардагонашро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.
Шуъбаи иттилоот
