Маълум аст, ки замони нав, ҷаҳони нав ва ё худ фурсатҳои нав имрӯз барои қисме агар роҳат бахшад, барои қисме кулфату даҳшат меофарад.
Гоҳо тоҷирони одам, маводи мухаддир, сангҳои гаронарзиш ҳамчунин марказҳои истихборотии давлатҳои манфиатҷӯ, абарқудратҳои сабукпо барои амалӣ намудани нақшаҳои худ, расидан ба мақсадҳои мухталифи хеш ё гурӯҳу созмонҳои террористӣ месозанд ва ё ҳамин гуна гурӯҳҳоро сармоягузорӣ менамоянд.
Албатта, дар 200 соли охир дар рӯи чунин ҳолат зиёдтар ба чашм расида, рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.
Ва ин ҳолат як амри табиӣ ва истифода аз табиати ҷамъият мебошад. Ин чиз зуҳуроти манфӣ аст. Ё худ ҳамон “истифодаи оқилона аз ақлҳои заифи Машриқу Мағриб” мебошад.
Вале, новобаста аз дороиву нодорӣ, новобаста аз амниву осудагӣ инсон бояд бо чунин зуҳурот номатлуб, бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ муборизаи беамон барад. Инсон нисбати тақдираш бетадбир бошад!
Он чӣ дирӯз дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон рӯй дод, бори дигар исбот мекунад, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, қочоқбарони маводи мухаддир ҳамеша барои пиёда сохтани мақсадҳои нопоки худ талош мекунанд.
Ҳаводиси ҳамлаи охир бар марзи муқаддаси Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористӣ, ки сари вақт аз ҷониби марзбонони кишвар безарар гардонида шуд, моро водор месозад, то нисбати ин амалҳои ғайриқонунӣ, ҳамлаҳои террористӣ бар алайҳи инсоният бетараф набошем ва барои несту нобуд сохтани терроризм мубориза барем. Мубориза бар зидди терроризм, ин мубориза барои бақои инсоният мебошад!
Набояд, ки мо нисбати ин масъала хомӯш бошем!
Созмонҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша бар зиёни инсоният кор мекунанд ва мо бояд ин чизро хуб донем ва ба ҳар нафари ҷавон бифаҳмонем.
Мо, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба сарҳади Тоҷикистон аз Афғонистон маҳкум менамоем!
М. Саидов
Ватандӯст
