Имрӯз, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамзамон дастраскунии таҷҳизоти муосири озмоигоҳӣ ва корубрдӣ барои таълим ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо директори генералии ҶСП “Энлаб”-и Федератсияи Русия Михаил Александрович Шамис ба тариқи онлайн мулоқот намуд. Дар ин гуфтугӯ ва мулоқот ҳамчунин муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ва омӯзгори фаъоли кафедраи таъминоти барқ Эшов Зулфон ширкат намуданд.
Дар мулоқот атрофи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, амалӣ намудани бандҳои шартномаи тарафайн, ки моҳи феврали ҳамин сол баста шуда буд, ҳамзамон таъмини озмоишгоҳи Донишкада бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ва масъалаи омӯзиши мутахассисон баррасӣ карда шуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ҳамеша омода аст ва доимо талош менамояд, то бо беҳтарин ширкатҳои истеҳсолӣ, ки таҷҳизоташон дорои сифати баланд мебошад, ҳамкориҳояшро идома диҳад. Ин мулоқот низ бояд барои тавсеаи ҳамкориҳо ва баназрагирии шартҳои замина гузорад…
Директори генералии ҶСП “Энлаб” Михаил Александрович Шамис аз ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, изҳор дошт, ки ҳамеша тарафдори ҳамкории судманд ва пешрафти корҳо дар ин самт мебошад. Мавсуф роҷеъ ба омӯзиши омӯзгорӣ Донишкада ҷиҳати кор фармудани таҷҳизоти нав сухан ронда, изҳор дошт, ки Эшов Зулфон аз ДКМТ барномаи омӯзиширо дар сатҳи баланд аз худ намуд, ки минбаъд метавонад барои шинохт ва муаррифии таҷҳизоти навтарин мусоидат намояд.
Ширкати “Энлаб” намудҳои гуногуни маҳсулоти барқӣ, асосан таҷҳизоти тадқиқотӣ, ташхисӣ ва озмоишӣ барои таҷҳизоти барқии дуюмдараҷаро таҳия, истеҳсол ва таъмин мекунад ва ҳамзамон хидматрасониҳои муҳандисӣ ва машваратиро низ ба мизоҷон пешниҳод месозад.
