Китоби дарсии “Иқтисодиёти рақамӣ” профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба чоп расид

Барои омӯзиши асосҳои ташаккул ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити рақамикунонӣ ва баланд бардоштани донишҳои рақамии донишҷӯёну насли ҷавон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ китоби дарсие бо номи “Иқтисодиёти рақамӣ”  дар ҳаммуаллифӣ омода ва ба чоп додааст.

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз олимони барҷастаи соҳаи иқтисод буда, дар  самти иқтисодиёт китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои мондагори муфид ба нашр расонидааст. Мавсуф аз олимони сермаҳсул ва масъулиятшинос буда, новобаста аз корҳои роҳбарӣ барои нашри адабиёти илмӣ, таълифи асарҳои соҳавӣ талош мекунад ва саҳми арзандаи хешро дар рушди илм кишвар мегузорад. 

Профессор Бахтёр Маҳмадалӣ аз зумраи олимони серталош, пажӯҳишгари муваффақ ва илмдӯст буда, барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзида, саҳми арзишманд гузоштааст. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии ӯ комилан ба тарзи рушд намуда, ба як боргоҳи бузурги маърифату тадрис табдил ёфт.

Китоби дарсии “Иқтисодиёти рақамӣ” -ро донишҷӯёну хонандагон метавонанд аз китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада дастрас намоянд.

Шуъбаи иттилоот