Санаи 23.12.2025 дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар оид ба мубодилаи таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон бо ширкати намояндагони ташкилотҳои давлативу байналмилалӣ, олимони муваффақ, ҷавонони фаъол ва аъзоёни экоклуби Донишкада баргузор гардид.
Семинарро профессори накӯноми кафедраи экологияи Донишкада, олими сермаҳсул ва мутахассиси варзида, пажӯҳишгари сатҳи байналмилалӣ, доктори илмҳои техникӣ Розиқов Зафар ифтитоҳ намдуа, роҷеъ ба семинар, барномаи он, мавзуоти баррасишаванда изҳори назар намуда, иброз дошт, ки дар вилояти Суғд муассисаҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳли ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар ин самт аъзоёни экоклуби назди ДКМТ ва кафедраи экологияи Донишкада низ талош менамоянд, то саҳми арзишманди хешро гузоранд. Профессор Розиқо Зафар таъкид намуд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва ҳамзамон дар ин самт гузаронидани омӯзишҳо хеле муҳим буда, барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз омилҳои мухталифи фалокатбор барои ҷомеа мусоидат мекунад…
Сипас, дар қисмати ифтитоҳӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Хуршед , мудири кафедраи экологияи ДКМТ Ҳоҷибоев Далер, мудири Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Яъқубов Мирзобаҳром, Мавлуда Рофиева ва Исмоилов Иброҳим суханронӣ намуданд.
Дар семинари имрӯза, мавзуҳои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, “Фаъолияти клуби экологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва лоиҳаи GREEN ROOTS”, “Фаъолияти Маркази Орхус воқеъ дар шаҳри Хуҷанд” баррасӣ гардида, бештар масоили марбут ба омӯзиш ва пажӯҳиши соза ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, роҳҳо ва усулҳо матраҳ карда шуд.
Зимни баргузории семинар ва пешниҳоди маърузаҳо муҳокимаронӣ сурат гирифта, ҳозирин андешаҳои хешро ҷиҳати тақвияти корҳо ироа намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкада дар самти омода намудани мутахассисони соҳавӣ, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа, тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҳамзамон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аз пешоҳангони соҳа мебошад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
