Имрӯз дар толори хурди Донишкада маҳфили “Шоҳномахонӣ” бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорон, кормандону донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфил бо маърузаи ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ гардида, бо қироат аз достонҳои Шоҳномаи безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва маърузаи пурмуҳтаво манзур гардид.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ пораҳое аз достони “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ қироат намуда, сипас роҷеъ ба мақом ва манзалати ин асари безаволи Фирдавсӣ, тақдими ин асари гаронбаҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро дар худшиносиву худогоҳии насли ҷавон ва ватандӯстиву ватандорӣ басо муассир арзёбӣ намуд.
Мавсуф изҳор дошт, ки “Шоҳнома”-и шоири бузургамон Фирдавсӣ тамоми анъанаву одатҳои миллӣ ва рукнҳои давлатдориро фаро гирифта, як сарчашмаи илмӣ-адабӣ ва ҳамзамон як санади таърихиест, ки аз шуҷоатмандиву далерӣ ва меҳандӯстиву оини ватандории гузаштагонамон қисса мекунад.
Ҳамчунин дар маҳфил омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия Когай Карина дар мавзуи “Шоҳнома оинаи фарҳанги тоҷикон” маъруза намуд.
Дар ҷараёни баргузории маҳфил ба ҳозирин порае аз наворҳои мустанади “Рустам ва Суҳроб” ва навори таърихии қироати достонҳои “Шоҳнома” аз ҷониби шоири шаҳри Лоиқ Шералӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар маҳфил донишҷӯён пораҳое аз достонҳои Шоҳномаро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ қироат намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба декани факултети металлургия Собирова Шукринисо ва мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ва маърузакунандагон барои баргузории ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба як қатор донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳо раёсати Донишкадаро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Шоҳномахонӣ” дар назди кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст.
Шуъбаи иттилоот
