Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи кормнадони соҳаи энергетика баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳммадхӯҷа ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қисмати пленарии конфронсро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба соҳаи энергетика, омода намудани мутахассисон дар ин соҳа ва муҳимияти ин соҳа, ҳамзамон неругоҳҳои Тоҷикистон ва бунёди НБО “Роғун” сухан ронда, изҳор дошт, ки захираҳои бойи обию энергетикӣ ва алалхусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонанд ҳамчун такягоҳи асосии рушди устувори иқтисод ва манбаи нурбахши ояндаи ҷумҳурӣ хизмат намоянд. Маҳз бо истифодаи оқилона ва самараноки ин захираҳо Тоҷикистон метавонад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи соҳаи энергетика табдил ёбад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи бузургтарин иншооти гидроэнергетикии сайёра ба ҳисоб меравад, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва барқарор гардидани суботи сиёсӣ зарурати татбиқи лоиҳаи бунёди он ба миён омад. Неругоҳ барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди истеҳсоли неруи барқи «сабз» аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосии эҳё ва татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошанд. Маҳз бо ирода ва ҷасорати сиёсиву иқтисодии Пешвои миллат ин иншоот ба марҳилаи нави бунёд ворид гардид.
Ин неругоҳи муҳими ҷаҳонӣ, ки ба унвони яке аз бузургтарин иншооти аср шинохта шудааст, дар маҷрои дарёи Вахш бунёд мегардад. Он аз 6 агрегат, ки ҳар кадоми онҳо қобилияти тавлиди 600 мегаватт неруи барқро доранд, иборат мебошад. Баъди анҷоми пурраи сохтмон баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 335 метр мерасад, ки иқтидори умумии он 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нишондиҳандаҳо он ба калонтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мубаддал мешавад…
Ҳамчунин, дар конфронси имрӯза муаллими калони кафедраи таъминоти барқ Абдиламидов Н. дар мавзуи “Рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият”, муаллими калони кафедраи таъминоти барқ Эшов З.С. дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар бунёди иқтидорҳои энергетикӣ дар мисоли НБО “Роғун”, муаллими калони ҳамин кафедра Тошхӯҷаева Муҳайё дар мавзуи “Интихоби манбаъҳои хурди барқ вобаста ба ҷойгиршавии онҳо” ва омӯзгори фаъоли ҳамин кафедра Одирматова Умедахон бо забони инглисӣ дар мавзуи “Энергеяи сабз ва панелҳои офтобӣ” маъруза намуданд.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои омода намудани мутахассисони соҳаи барқ, айдо намудани манбаъҳои мухталифи барқ, истифодаи панелҳои офтобӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли панелҳои офтобӣ, сохтани неругоҳҳои хурди обии барқӣ, сарфа намудани неруи барқ ва истифодаи оқилона аз неруи барқ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, тариқи онлайн аз кишварҳои Ҳиндустон, Малдив ва Маҷористон олимони соҳаи барқ дар конфронси мазкур суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи кормнадони соҳаи энергетика дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот
