ҚИСМАТИ ДУЮМИ ТУҲФАИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН РАСИД

Ҳамон гуна, ки чанде пеш иттилоъ дода будем сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда буд ва бо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқот намуда роҷеъ ба ҳамкориҳо, тавсеаи равобити фарҳангиву дӯстӣ изҳори андеша намуда буданд. Ҳамон гуна, тибқи гуфтушуниди ҷонибҳо инак қисмати дуюми туҳфаи навбатии ҷаноби сафир ба факултаи навтаъсиси зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот декани факултет Мирбобоев Шӯҳрат иттилоъ дод. Ин туҳфаи сафир иборат аз тахтаҳои интрективӣ тахтаҳои иборат мебошад. Туҳфаро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон қабул намуда, аз дастрасии таҷҳизот изҳори хушнудӣ намуданд.

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҳайати профессорию омӯзгории факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ба сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн миннатдории самимии худро мерасонанд.                                                                                                                                                        

      Шуъбаи иттилоот