Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар фазои хеле олӣ ва дар сатҳи бисёр ҳам баланд манзури ҳозирин гардонида шуд. Сарвари давлат роҷеъ ба масъалаҳои дохиливу хориҷӣ, дастовардҳо ва нақшаву барномаҳои амалишаванда сухан гуфта, масъалаҳои хеле заруриро матраҳ намуданд.
Бисёр ҳам ҷолиб ва боиси хурсандист, ки ҳамасола дар Паёми хеш Роҳбари давлат ба масъалаҳои калидӣ аз ҷумла, рушди иқтисодиёт ва набзи пешрафт сухан мекунанд ва мо ҳамватанон шоҳиди боз ҳам як соли муваффақият, дастовардҳои беназир ва рушди кишвар мегардем. Барои ҳамватанони арҷманд маълум аст, ки зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо Тоҷикистони азиз хеле рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардид ва пеш аз ҳама дар арсаи ҷаҳонӣ шинохти баланд пайдо намуд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб мешиносанду эътироф менамоянд. Ва ҳамин шинохт ва эътироф аллакай як муваффақияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Мегӯянд, ки инсонҳои қудратманд давлати қавӣ месозанд ва ҳамин қудрат, ҷасорату шуҷоат, сиёсати устувори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро имрӯз давлати тавонманд ва устувор сохтанд. Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар Тоҷикистони ҷангзада ба харобгардида ба як Тоҷикистони нав, биҳишти рӯи замин табдил ёфт, ки ин ҳам натиҷаи заҳмати ин абармарди арсаи сиёсат, шахсияти таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар як рӯз қабул гардидани ду пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва қатъномаи МУ СММ оид ба эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» шаҳодати гуфтаҳои боло ва мақоми баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Қабули ин қатъномаҳо бори дигар аз талошу кӯшишҳои Роҳбари давлат баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳангии ғании миллати тоҷик ба ҷаҳониён, дарак медиҳад.
Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тандурустӣ, саноатикунонӣ, ҳифзи меҳнат, кишоварзӣ, обу иқлим,рушди техникаву технология, фарҳангу ҳунар, илму маориф ибрози андеша намуда, ҷанбаҳои ҳаётан муҳимро муфассал таҳлилу баррасӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи илму маориф таваҷҷуҳ намуда, арз доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Воқеан ҳам сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат мебошад ва Сарвари хирадманди кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки ин ғамхорӣ ба насли имрӯзу фардои мамлакат дарак медиҳад аз бузургиву маорифпарварӣ ва ояндасозии ин абармарди арсаи сиёсат шаҳодат.
Рушди соҳаи илму маориф барои ҳар як халқу миллат хеле муҳим ва калидӣ буда, барои сохатни ҷоемеаи солим, насли созандаву ҳадафманд, содиқу масъулиятшинос, илмдӯсту ватандӯст нақши маориф калидӣ мебошад. Агар таълиму тарбия дар стаҳи баланд ба роҳ монда шавад, ҷомеаи бедор ва насли худогоҳу хештаншинос ба воя мерасад ва ин бар нафъи давлату миллат ва башарият мебошад. Бузургони мо ҳамеша омӯзиш ва донишандӯзиро тарҷеҳ намуда, фарҳанги касбу ҳунаромӯзиро таблиғ намудаанд ва ин чиз бедалел нест. Зеро ояндаро фақат налси донишманду ҳунарманд месозад, зебо мекунад, шароит фароҳам меоварад. Аз инлиҳоз, моро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбияи фарзанди хеш хеле сахтгир ва масъулиятшинос бошему барои донишу ҳунар омӯхтани фарзандон талош кунем, барои фарзандонамон шароити хуби таҳсилро фароҳам созем. Зеро насли босавод кафили муваффақияти фардо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маорифпарвари асил ва хирадманду огоҳ дар Паём таъкид намуданд, ки “агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”. Ва ин таъкиди Сарвари хирадманди кишвар дар шароити имрӯз хеле муҳим ва бисёр ҳам дурбинона мебошад.
Ҳар волидайн бояд барои илмомӯзиву саводнок гардидани фарзандаш, касбу ҳунар ёд гирифтанаш, талош намояд, зеро фарзанди бесавод дарди сари волидайн ва доғ барои ҷомеа мебошад. Дар шароити феълӣ омӯзиш ва мутолиаи пайваста ҷавшани наҷот аз тамоми унсурҳои манфиву зиёновар мебошад. Донишомӯзӣ бояд мақсаду мароми ҳар як фард бошад.
Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сатҳи некӯаҳволии зиндагии шаҳрвандон сухан ронда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз муҳимияти аввалиндараҷа ҳисоба, изҳор доштанд, ки “баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.
Воқеан ҳам дар ин самт ғамхориву кӯшишҳои Роҳбари давлат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ эҳсос мешавад ва маҳз бо талошҳои Ҳукумат сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш дода шуд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки зимни ироаи Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷли Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана маоши кормандони соҳаи илму маориф, омӯзгорон ва дигар соҳаҳои буҷавиро зиёд намуданд. Имсол низ ин нукта чунин садо дод:
“Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд…”;
Ин анъана тамоми кормандони соҳаи илму маориф ва омӯзгоронро хушҳол намуда, боз ҳам ба соҳа дилгарм месозад ва аз ҷониби дигар ин ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳушдор медиҳад, ки масъулиятшинос ва содиқ бошему ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ҳамчун омӯзгор пуштибони қавӣ дорем ва заҳмати мо ҳамеша аз ҷониби ин бузургмард-Пешвои муаззами миллат қадр карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба саноатикунонӣ ва технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ суханронӣ намуда, рушди ин соҳаро муҳим ва омили пешрафт арзёбӣ намуданд. Дар ҳақиқат истифода аз технологияҳои рақамӣ боис мегардад, ки сифати кор беҳтар ва вақт сарфа карда шавад ва ин омили пешрафт ва мусоидаткунанда ба рушд мебошад.
Имрӯз, соҳае нест, ки аз зеҳни сунъӣ истифода накунад ва омӯзишу амалӣ намудани он ба манфиати кор буда, дар шароити имрӯза ба мақсад мувофиқ мебошаду аз ҷониби дигар талаботи асри нав. Аз ин рӯ, омӯзиш ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди зудтар ва баробар гардидан ба замон аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки бояд дар ин самтҳои корҳои зиёдӣ омӯзишӣ фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида шавад.
Барои тамоми тоҷикон ва умуман тамоми тоҷикистониён боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бузургтаринҷашнҳои миллии моро дубора эҳё намуданд ва доимо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, амнияти фарҳанги корҳои мондагорро анҷом медиҳанд.
Аз ҷумла роҳбари давлат изҳор доштанд, ки “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Дар ҳақиқат ин сегонаи ҳикмат аз бузургони мо бароямон ҳамеша роҳнамо буда, барои шаклгирии шахсиятамон мусоидат менамояд ва ҳамин чиз хислати аслии тоҷикиятро ташкил медиҳад. Ва бо ин ҳикмати бузург мо чӣ гуна аз гузаштаи хеш ифтихор накунем? Ҳар фарди кишвар бояд аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ифтихор намояд ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ талош варзад.
Он чӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ки моро водор месозад, ки боз ҳам муттаҳид бошем, созандагиву ободкориро пеша намуда, барои пешрафти ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Зеро як ҳарфи Пешвои миллат барои мо як ҳикмати зиндагисоз ва як роҳнамо дар роҳӣ ватандӯстӣ мебошад. Ҳар нуктаи Паёми Пешво моро водор месозад, ки сидқан барои ободу зебо гардидани ватани азизамон, тарбияи насли ҷавону мутахассисони варзидаи ватандӯст, ҳифзи арзишҳои миллӣ талош намоем ва ҳамчун соҳибватан саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузорем. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар яки мо барномаи кориву зиндагӣ ва нақшаи созандагиву бунёдкорона бояд бошад ва тибқи ин ҳадафҳои олӣ ва роҳнишондод мо бояд, дар рушди соҳаи маориф, саноатикунонии босуръати кишвар ҳиссаи ватандӯстонаи хешро гузорем!
Дар умум метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки як маротиба дар бораи саҳми шаҳрвандии худ, виҷдони пок андеша намоем ва барои чӣ гуна ҳиссаи инсониву меҳандӯстонаи хешро гузоштан дар рушди Тоҷикистон азиз барнома бисозем. Зеро Паёми имсолаи Роҳбари давлат илҳомбахши зиндагӣ ва вусъатдиҳандаи корҳои созанда мебошад!
Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор менамоям, ки чунин Пешво, чунин Президент, чунин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари мамлакат ҳастанду моро ба роҳи саодат ва ояндасозӣ роҳнамоӣ мекунанд.
Давлатзода Давлат
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
