Имрӯз дар кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия маҳфили навбатии “Дӯстдорони автомобил” баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот роҳбари маҳфил омӯзгори ҷавон Ғаффоров Хушрӯз иттилоъ дод.
Дар маҳфил муовини декани факултети металлургия оид ба илм Қодирова Маҳина, муовини декани факултети металлургия оид ба корҳои тарбиявӣ Бақоев Беҳзод, роҳбари маҳфил омӯзгори ҷавон ва фаъол Ғаффоров Хушрӯз, омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Додохонов Муқим, намояндаи раёсати илм ва инноватсия ширкат ва суханронӣ намуданд.
Маҳфили имрӯзаро омӯзгори калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи маҳфил, масъалаҳои баррасишаванда, нақшаҳои минбаъда сухан гуфт.
Сипас, дар маҳфил аз рӯи барнома донишҷӯи бахши сеюм Бахтиёров Дониёр дар мавзуи “Системаи нигоҳубини техникӣ ва таъмири автомобилҳо” маърузаи илмӣ намуд.
Дар ҷараёни маҳфил роҷеъ ба ин мавзуъ баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, омӯзгорон андешаҳои созандаи хешро иброз намуданд. Маҳфил дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот

