Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик чаҳорумин конференсияи анъанавии байналмилалии илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик ” бо ширкати олимону омӯзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Қисмати пленарии конфронсро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барнома, забони баргузории конфронс ва раванди омодасозии мутахассисони соҳаи геология сухан гуфт.
Баъдан, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфта, перомуни рушди илми геология дар даврони мустақилият, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар геология, саҳми олимони тоҷик дар рушди геология, омада намудани мутахассисони соҳаи геология дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сухан ронда, изҳор дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва ғамхориву талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аксарияти соҳаҳо рушду тараққӣ намуда истодаанд, ки инро метавон як навъ давраи расидан ба ормонҳои дерини миллӣ номид. Соҳаи геология низ дар даврони истиқлолияти кишвар ба таври чашмрас рушд намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша вазифаи пурмасъулияти геологҳоро таъкид мекунанд: «Омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани бойигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Онҳо худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд. Ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди онҳо заҳмат, хароҷот ва вақти зиёд талаб менамояд». Ин суханҳои дурбинонаи Пешвои миллат барои мутахассисони соҳа роҳнамо ва илҳомбахш буда, моро водор месозанд, ки барои ғанӣ гардонидани боигариҳои табиӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат талоши бештар намоем…
Ҳамзамон, дар конфронси имрӯза муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ, дотсент Ятимзода Содиқ маъруза намуда, роҷеъ ба нақши геология дар саноат ва масъалаҳои мубрами соҳа махсус таъкид намуда, ҳозиринро ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфт.
Дар чаҳорумин конференсияи анъанавии байналмилалии илмӣ- амалӣ, ки таҳти унвони “Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик ” декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, дотсент Мирбобоев Шӯҳратҷон дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир” маъруза намуда, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, яке аз омилҳои рушд ва муваффақият арзёбӣ кард.
Сипас, дар қисмати ифтитоҳӣ ба тариқи онлайн директори Донишкадаи геологияи Британияи Кабир Карен Ҳенгоҷ, профессори Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия Харша Ратнавира, профессори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои оби Недерландия, низ баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар конфронси байналмилалии имрӯза, омӯзгори кафедраи корҳои нафту гази Донишкада Почоев Анӯшервон дар мавзуи “Истифодаи сурфактантҳо барои коҳиши талафоти карбогидридҳои сабук дар нафт” маъруза намуда, роҷеъ ба масъалаи мазкур аз истифодаи технологияҳои нав ва роҳҳои ҳалли фаврии он гуфт.Таъкид намудан зарур аст, ки дар конфронси байналмилалии мазкур масъалаҳои муҳими соҳа аз ҷумла, роҳҳои рушди геология, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи соҳа, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи мазкур, истифодаи барномаҳои муосири самтӣ, самаранок гузаронидани корҳои иктишофӣ, ҷӯстуҷӯӣ захираҳои табиӣ, истифодаи моделҳои нави корӣ, эҷоди барномаи муосири иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ, омода намудани мутахассисони варзидаи геология, ҳамкорӣ бо марказҳои геологӣ ва экспедитсияҳо, гузаронидани пажӯҳишҳои дар самти геология, таъсири инсон ба табиат, натиҷаи коркарди партовҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология ва омӯзиши масъалаҳои геологӣ Кабир, Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия, Донишгоҳи Ироқ ва нидерланлдия ҳамкорӣ дорад.
Дар фарҷоми конфронс
ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳини интиҳои қисмати ифтитоҳии конфронси байналмилалӣ ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.Баъдан, кори конфронси байналмилалӣ дар бахшҳо идома пайдо кард.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов



