Ҷаҳони имрӯзаро хатарҳои зиёди хусусиятҳои глобали дошта ба изтироб овардааст. Яке аз чунин хатарҳои ба ҳаёти инсон ва суботи давлат харобиовар коррупсия аст.
Зиндаги ширин ва ҳаёт гуворост. Инсоният дар тамоми давру замон талош ба ҳаёту зиндагии осудаҳолона ва ризқи ҳалол дорад. Аммо дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки майл ба зиндагии осону ба даст овардани боигарӣ, сарват, хонаву дар, қасру бустонсаро, мошинҳои модели охирин дошта, роҳу воситаҳои зуд ва мудатӣ ба мақсад расидан доранд. Аз худ кардани молу мулк, тороҷ намудани хазинаи давлат, ришваситониҳои қалобӣ, ҳанношию фиребгарӣ, роҳи ҳастии инсонии онҳост. Ба андешаи ман чунин касон қонунро поймол ва шариати диниро хор мегардонанд.Лек дониста бошанд, ки имрӯз ё пагоҳ аз амали ношоистаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба авҷ грифтани нобаробариҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Аз он рузе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, масъалаи муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат,Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таҳкидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз менамоянд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвари азизамон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатиро қабул намудаву амалӣ намуда истодааст, ки ба решакан намудани омилҳои коррупсионӣ нигаронида шудаанд.
Мо ҷавонон пайравони Пешвои милатем. Мо ба амал бароварандагони дастуру супоришҳои сарвари давлатем. Мо бояд ба ҳар як падидаи зараровари ҷомеа оштинопазир бошем. Дар коҳиш додани сатҳи коррупсия ва муқовиматӣ бо он ҳисагузор бошем. Оянда аз они мост. Мо бо роҳнамои Пешвои миллат ба ояндаи дурахшон бидуни амалҳои хатарнок равона ҳастем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ
“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури’’ 28-уми декабри соли 2023 пешниҳод намуда буданд, ки соли 2024 “ соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, омӯзиши донишгҳои ҳуқуқӣ омили баланд гардидани шурнокӣ доштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахс бошад.
Эҳтиром ба Ватан эҳтироми волидайн, қонун ва инсондустӣ асоси даст назадан ба амалҳои ношоиста аст. Хушбахти ва зиндагии хушу хуррам ҳам дар ҷомеа бидуни амалҳои хатарзо насиби инсон мегардад.
Шӯҳратзода Шоҳруз
магистранти бахши 2-уми
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
