ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА РАҲИМЗОДА ҲАЁТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ТОҶИКИСТОН” СОҲИБИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД!

Имрӯз дар озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” омӯзгори ҷавон, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургия Раҳимзода Ҳаёт ширкат намуда аз рӯи номинатсияи “Ихтирои беҳтарин” соҳиби ҷойи аввал гардид.
Раёсати Донишкада ба сардори раёсати илм ва муассисаҳои олии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Шарифзода барои дастгирӣ ва роҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ баён менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар маросими супоридани ҷоизаи озмун муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва намояндагони воломақом аз вазорату идораҳо ширкат намуданд.
Сардори раёсати илм ва муассисаҳои олии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимаи арҷманд ва ғамхору меҳандӯст Дилафрӯз Шарифзода ба раёсати Донишкада, садорати факултети металлургия Собирова Шукриниссо ва ғолиби озмун Раҳимзода Ҳаёт изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойи аввал ва мақоми баланд мегарданд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов