ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД УСТОДИ АРҶМАНД ПРОФЕССОР ҚОЗИЗОДА КАМОЛИДДИН!

Имрӯз яке аз фарзандони содиқи Ватан, устоди соҳибтаҷриба ва маорифпарвари ҷонфидо, омӯзгори содиқ ба касби хеш, инсони ҳалиму хоксор ва поктинату равшанзамир, марди меҳандӯсту меҳнатдӯст, масъулиятшиносу кордон, фарди бонангу номус ва донишманду фазилатманд, омӯзгори пешсаф ва олими муваффақ, яке аз инсонҳои поквиҷдон ва гиромиву соҳибэҳтиром, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин Сангин зодрӯз доранд, ки устоди арҷманд ва гиромиро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва бурдборӣ таманно менамоем.
Профессор Қозизода Камолиддин аз зумраи он ашхосе ҳастанд, ки дар рушду такомул ва пешрафти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саҳми бориз доранд ва аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ин боргоҳи маърифат саҳми арзандаи хешро дар рушди ин муассисаи олии таълимӣ гузоштаанд.
Устод Қозизода Камолиддин аз зумраи он омӯзгорони асил, ватандӯстони ҷонфидо ва маорифпарварони содиқ мебошанд, ки барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон, таҳкими ғояҳои бузурги маорифпарварӣ, пешрафти илму техника, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон саҳми бузург доранд, ки мо ин хидматҳои профессор Қозизода Камолудинро қадр менамоем ва аз устод барои ин заҳматҳои сипосгузор ҳастем.
Профессор Қозизода Камолиддин аз зумраи он афроде ҳастанд, ки барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, соҳаи таълиму тарбия дар ин муассисаи олӣ, тарбия намудани омӯзгорони ҷавон, дастгириву роҳнамоии мутахассисони ҷавон вақти хешро дареғ надошта, умри азизи худро дар ин масир бахшидаанд. Шогирдони профессор Қозизода Камолиддин имрӯз дар мартабҳои баланд кору фаъолият доранд, дар омӯзишгоҳу донишкадаву донишгоҳҳо фаъолият доранд ва ҳамеша содиқона дар хидмати давлату миллат мебошанд.
Умуман, хидмати профессор Қозизода Камолидин дар рушди Донишкада, дар пешрафти кори муассиса, дар тарбияи насли ҷавон, дар омода намудани мутахассисони варзида бисёр ҳам бузург мебошад.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ин ҳама заҳмату талош ва кӯшишҳои профессор Қозизода Камолиддинро қадр намудан, дар ин рӯзи нек, мо ба устоди арҷманд, фарзанди содиқи меҳан, устоди варзида ва собиқадор, инсони шариф ва марди хирад профессор Қозизода Камолиддин саодатмандиву сарбаландӣ, тансиҳативу хотирҷамъӣ, умри дарози пурбаракат ва зиндагии шоиставу пур аз муввафақият таманно менамоем.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд ва комгор бошед муҳтарам Қозизода Камолудин!
Зодрӯз хуҷаста бод, устоди арҷманд ва гиромӣ профессор Қозизода Камолиддин!
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов