Имрӯз ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз маркази назорати видеоии бахши идоракунии сифати таҳсилот дидан намуда, бо ҷараёни кори камераҳои назоратӣ аз наздик шинос шуд.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз имконоти камераҳои назоратӣ, таъмиру бозсозии таҷҳизоти истифодашаванда, насби пурраи камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ва ҷараёни кори маркази назоратӣ, раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот ва нақшаҳои раёсати таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот иттилоъ дода, изҳор дошт, ки маркази назоратӣ имконият медиҳад, то омӯзгорону донишҷӯён масъулияти бештар ҳис намоянд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои азнавсозӣ ва пурра ба кор даровандани маркази назоратӣ ба муовини аввали худ Давлатзода Давлат изҳори миннатдорӣ баён карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳо ва назорати доимии ҷараёни таълим машваратҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ маркази назоратии видеоии бахши идоракунии сифати таҳсилот бо талоши муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз сари нав таъмиру таҷдид ва пурра ба кор дароварда шуд, ки минбаъд ҳар як як лаҳзаи таълим аз ҷониби сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед ва нозирони раёсати таълим назорат бурда мешавад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
