Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ва таҷдиду тармим дар гузаргоҳи асосии Донишкада шинос шуда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои азнавсозӣ ба сардори шуъбаи хоҷагидорӣ Азизов Қурбон машваратҳо дода, ба кормандон ҷиҳати фаъолияти бенуқсонӣ шабонарӯзӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ доимо баҳри ободониву созандагӣ талош намуда, ҳамеша ҷонибдори ташаббусҳои ободкориву бунёдкорист ва дар ин самт роҳнамову дастгирӣ ҳайати профессорию омӯзгорӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки айни замон корҳои ободониву созандагӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар авҷ мебошад.
Шуъбаи иттилоот
