Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии факултети металлургия тибқи дастури садорати факултети мазкур дар хобгоҳи рақами 1 мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армоншо ва дигар омӯзгорони кафедраи мазкур бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ мулоқот намуда, суҳбатҳо анҷом дод.
Сипас, тибқи нақшаи раёсати Донишкада аз ҷониби омӯзгорони факултети корҳои кӯҳӣ, металлургия ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишкада чорабинии фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот


