УНВОНИ “АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ХУҶАСТА БОД УСТОД АБДУЛЛОЕВ МУҲАММАДХӮҶА!

Имрӯз, олими ҷавон ва ватандӯст, инсони поквиҷдону равшанзамир, ҷавони фаъолу пешгом, устоди соҳибтаҷриба ва тарбиятгари насли ҷавон, пайрави Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика дотсент Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ин унвони баландро имрӯз ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баргузории чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа эъто намуданд.
Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа аз ҷавонони фаъол ва ҷонфидо дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли ҷавон мебошанд.
Мо, шоҳиди фаъолияти пурсамар ва талошҳои бевоситаи Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа дар рушди Донишкада ва махсусан кафедраи таъминоти барқ ҳастем ва хидматҳои ӯро қадр менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада устоди арҷманд Абдуллоев Муҳаммадхӯҷаро ба ин дастоварди навбатӣ табрику таҳният гуфта, барояш дар кору зиндагӣ барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ пирӯзӣ таманно менамояд.
Мукофоти баланд ва дастовардӣ навбатӣ хуҷаста бод устод Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа!
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов