КОРҲОИ ТАҶДИД ВА АЗНАВСОЗӢ ДАР ОЗМОИШГОҲИ ФИЗИКАИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ БА АНҶОМ РАСИД

Имрӯз, дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ бо ибтикори мудири кафедраи мазкур олими ҷавону меҳандӯст, шахсияти нотакрору боистеъдод, олими сермаҳсул ва эҷодкори асил, инсони нексиришту поктинат, ҷавони фидоиву сарсупурда, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил корҳои таҷдид ва азнавсозии озмоишгоҳи физика ба итмом расид.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти наву замонавӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Ҳамро ба озмоишгоҳи физикаи кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ тақдим карда шуд.
Мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил таъкид намуд, ки ҷиҳати дастгирӣ ва сарпарастӣ миннатдории самимии ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаро ба муҳтарам Вазир ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро нисбати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёд аст, ва мо ин роҳнамоиву сарпарастии вазири муҳтарамро қадр менамоем!
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов