УНВОНИ “АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ХУҶАСТА БОД УСТОД РАҲИМЗОДА ҲАЁТ!

Имрӯз, олими ҷавон ва меҳнатдӯст, инсони поктинату равшанзамир, ҷавони фаъолу пешқадам, устоди соҳибтаҷриба ва тарбиятгари насли ҷавон, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургия дотсент Раҳимзода Ҳаёт аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ин унвони волоро имрӯз ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баргузории чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҳимзода Ҳаёт эъто намуданд.
Раҳимзода Ҳаёт иштирокчӣ ва ҷоизадорӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” мебошад ва аллакай се шогирдашон низ дар ин озмун ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
Мо, шоҳиди фаъолияти пурсамар ва талошҳои бевоситаи Раҳимзода Ҳаёт дар рушди Донишкада ва махсусан кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ ҳастем ва хидматҳои ӯро қадр менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада устоди арҷманд Раҳимзода Ҳаётро ба ин дастоварди навбатӣ табрику таҳният гуфта, барояш дар кору зиндагӣ барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ комгорӣ таманно менамоем.
Мукофоти баланд ва дастовардӣ навбатӣ хуҷаста бод устод Раҳимзода Ҳаёт!
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов