БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ВОЛИДАЙНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ

Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкада ҷаласаи навбатии шурои волидайни факултети корҳои кӯҳӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сараввал декани факултети корҳои кӯҳӣ н.и.т., дотсент Маҳмудов Ҳасанбой ҳозиринро хайрамақдам гуфта, оид ба масъалаҳои баррасишаванда, аз ҷумла раванди таълиму тарбия, ҳолати омӯзиш ва ҳозиршавӣ ба дарс, робитаи сарпарастони гурӯҳҳои академӣ бо волидайн ва дастгирии роҳбарияти Донишкада сухан ронда, ҷиҳати ширкат ба Шуро ба волидайн изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин, сардори раёсати тарбия ва кор бо ҷомеаи Донишкада Муслимзода Хайём, муовинон ва эдвайзерони факултет, мудирони кафедраҳои факултет ва волидайни донишҷӯёни суханронӣ намуда, масъалаи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноатро баррасӣ намуданд.
Рӯзномаи ҷаласаи имрӯза, аз 3 масъалаи муҳим иборат буд, аз ҷумла:
1. Вазъ ва ҳолати давомоти донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ;
2. Баррасии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
3. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва амалҳои хурофотпарастӣ;
Декани факултети корҳои кӯҳӣ олими ҷавон дотсент Маҳмудов Ҳасанбой роҷеъ ба ҳар се масъала, андешаҳои хешро иброз дошта, иброз дошт, ки имрӯз бояд нисбати тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад ва волидайн низ дар тарбия ва ташаккули фарзандони худ бояд бетараф набошанд ва робитаи мустақим бо сарпарастон дошта бошанд. Танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон фарзанди хуб, инсони солеҳ ва донишҷӯӣ босаводу мутахассиси варзидаро омода намуд. Садорати факултет талош мекунад, то зиёдтар барои ташаккули ҷавонон ҳамчун шаҳрванди фаъол, донишҷӯи бомаҳорат саҳмгузорӣ намояд, ва волидайн низ бояд нисбати фарзандон бетараф набошанд, чунки шароити кунунии ҷаҳони муосир ҳаминро талаб менамояд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи садорати факултет ба волидайни донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаҳо эҳдои карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 2