Конститутсия -санади олии давлатдорӣ

         Санаи 06.11.1994 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тамоми мардуми Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ҳоло мо 31 солагии онро ҷашн мегирем. Ин санаи тақдирсози миллат таърихӣ буда сарнавишти имрўзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои «Эъломияи ҳуқуқи башар» сарчашма гирифта ба стандартҳои байналмиллалии ҳуқуқии ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад. Умуман истилоҳи “конститутсия” (аз калимаи лотинӣ “constitutio” – муқаррарот, сохтор, барпо намудан) маънояш сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ мебошад. Аз замоне, ки аввалин конститутсия қабул гардид, то имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон конститутсияи худро қабул карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шароити имрӯза нақш ва аҳаммияти конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро ташкил медиҳад. Санадҳои таърихии Тоҷикистон гувоҳи медиҳад,ки  миллати тоҷик соли 1929 бори аввал пас дар солҳои 1931, 1937, 1978 дар давраҳои шўравӣ ва соли 1994 дар давраи истиқлолият  конститутсияи худро қабул карда ҷиҳати райпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 -юм таѓьироту иловаҳо ворид гардидааст. Таѓьироту иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамояд.  Бо ҳамин мазмун, давлатҳои имрӯза санаде қабул мекунанд,  ки он иродаи халқу миллатро ифода намуда, дар он умеду ормонҳои халқу миллат таҷассум гардидааст ва роҳнамои ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Бевосита дар ҳаёти ҷомеаи халқи Тоҷикистон нақши бузургро фарзанди барӯманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати шоиста намудааст. Ин аст, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санади асосии муқарраркунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ – Конститутсия қабул шудааст, ки дар навбати худ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсиро фаро гирифтааст. Меъёрҳои Конститутсия мустақиман ва бевосита амал намуда, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди танзим қарор медиҳанд. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда,  сарчашмаи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Инчунин, донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс, аз ҷумла насли навраси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпараст буда, омӯзиши он ҳамчун санади волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат менамояд. Афзалияти ин Конститутсияи соҳибистиқлол дар он аст, ки боби алоҳидаи он бевосита оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат эътироф гардида, озодии аслиро ба халқи тоҷик ҳадя намуд. Далели ин гуфтаҳо меъёри моддаи 14-уми Конститутсия шуда метавонад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия ҳифз мешаванд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.

Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита тавассути интихоботи Президент ва вакилон амалӣ мегардонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хусусиятҳои худ муттаҳидкунандаи тамоми халқу миллат аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирода ва манфиати халқи кишвари азизамонро ҳифз карда, мувофиқи ин иродаю манфиатҳо меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки сохтори давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва ҳолати ҳуқуқии дигар субъектонро муайян менамояд. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қонунгузории мамлакатро ташкил медиҳанд, чунки тамоми қонунҳо ва санадҳое, ки қабул мешаванд набояд хилофи Конститутсия бошад.

Мавриди тазаккур аст, ки яке аз падидаҳои муҳимтарини дигаре, ки Конститутсия муқаррар кардааст, ин эътирофи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд аст. Қобили қайд аст, ки ҳуқуқ бе уҳдадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Халқ уҳдадориҳои конститутсиониро тавассути иродаи худ қабул карда, иҷрои онҳоро бар души худ гирифтааст, ки ин яке аз хусусиятҳои арзиши олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки  Конститутсия ҳамчун санади танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Барои озодона дар ҷомеа амал кардан ва интихоби озодонаи қоидаҳои рафтори худ, шахс метавонад аз меъёрҳои дахлдори Конститутсия истифода намояд. Конститутсияи Тоҷикистон дар худ ормони тоҷиконро инъикос намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушараф гардидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, фароҳам овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик дастоварди бузург дар қарни ХХ маҳсуб шуда, бозгӯи саъю кӯшишҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушд ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистони муосир дар қарни ХХI дар чаҳорчӯби ин санади сарнавиштсоз — Конститутсия кору зиндагӣ намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо назари нек менигаранд.Аз нахустин рӯзҳои қабули Конститутсия дар назди давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик рисолат ва вазифаҳои бузурги таърихӣ вогузор гардид. Қабули Конститутсия дар бунёди давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Бо гузашти 30 сол аз қабули ин санади тақдирсоз дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоии мамлакат, хусусан дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки бунёди даҳҳо иншооти бузурги саноатию коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикии аср дар мамлакат далели ин гуфтаҳо аст. Ташкил ва тақвияти рукнҳои муҳими давлатдории муосири миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оғози раванди бунёдкорӣ аз вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб мешаванд.

6-ноябри соли 2025 мардуми Тоҷикистони азиз 31-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии ватанамон Конститутсияро бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ки қабул намуда будем бо тантана ҷашн гирифтем.

Ҳоҷибоев Д.Д.

омӯзгори  кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии ДКМТ