БОЗДИДИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ СОБИРОВА ШУКРИНИСО АЗ ҶАРАЁНИ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ

Имрӯз, бонуи фаъол ва олими соҳаи иқтисод, зани қавиирода ва созанда декани факултети металлургия Собирова Шукринисо аз ҷараёни тармими таҷдид ва корҳои ободонӣ дар кафедраи ташкили ҳамлу нақл дидан намуда, бо корҳои ободонӣ ва ташкилӣ шинос гардид.
Мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия дотсент Бобоев Раҳимҷон аз ҷараёни корҳои ободонӣ, таъсиси озмоишгоҳи “Ҳамлу нақли рақамӣ” дар назди кафедра, сохтани синфхонаҳои нави таълимӣ ва иваз намудани равзанаҳои синфхонаҳо аз ҳисоби ҳайати профессорию омӯзгории кафедра ҳисобот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки омӯзгорони кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия пайваста аз сиёсати созандагиву ободкорӣ дастгирӣ намуда, барои тарбияи насли ҷавон ва ободониву созандагӣ дар Донишкада саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Декани факултети металлургия бонуи зебо ва меҳнатдӯст дотсент Собирова Шукринисо бо омӯзгорон мулоқот намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот, бедор намудани завқи донишҷӯён ба илмомӯзӣ, ташкили маҳфилҳои омӯзишӣ машваратҳо дода, ба мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл олими сермаҳсул ва меҳнатдӯст дотсент Бобоев Раҳимҷон ва ҳайати профессорию омӯзгории кафедра барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди Донишкада, роҳандозӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, ки садорати факултети металлургия барои пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, таъсиси озмоишгоҳи наву замонавии “Ҳамлу нақли рақамӣ” ҳайати профессорию омӯзгории кафедраро дастгирӣ намуда, дар ин самт саҳмгузорӣ менамояд.
Дар интиҳо дотсент Бобоев Раҳимҷон аз номи ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи ташкили ҳамлу нақл маҷмуаи мақолоти олимонро, ки дар шакли китоб таҳти унвони “Логистика” ба табъ расидааст, ба декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисохон тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки ин шабу рӯзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Донишкада бомаром идома дошта, омӯзгорону кормандони факултети металлургия дар ин самт пешгом мебошанд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов