Имрӯз, ҷиҳати санҷиши дониш, бохабар гардидан аз ҳолати омодагии донишҷӯён, раванди омодасозии донишҷӯён ба олимпиада муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо дастаҳои олимпӣ ва омӯзгорон вохӯрда, суҳбатҳои самимӣ анҷом дод.
Раҳимова Шаҳнозахон бо донишҷӯён мулоқот намуда, аз ҳолати омодагӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ, шавқу завқи донишҷӯён пурсон шуда, ҷиҳати боз ҳам фаъолтар шудан, зиёдтар истифодаи вақт ва омӯхтани фанҳо ба донишҷӯён машваратҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки барои омодагии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахонро дар ин вохӯриву мулоқот сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот

