МУАРРИФИИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДОНИШКАДА

Дирӯз, дар факултети электромеханикаи Донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Моҳвораи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии факултети электромеханика бахшида ба Рӯзҳои Конститутсия, Рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳфили навбатии муаррифии “Асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ профессор Аминҷонова Мавлудахон, муовини декани факултети электромеханика муаррих ва сиёсатшиноси варзида Саидов Анварҷон, мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафар, мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов Аҳрорҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро омӯзгори фаъол, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм ва инноватсия Холова Фахринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба асарҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мазмуну муҳтавои асарҳо ва аҳамияти таърихиву тарбиявии ин осор суханронӣ кард.
Сипас, донишҷӯён дар бораи асари “Забони миллат -ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Уфуқҳои истиқлолият” мухтасар маълумот дода, суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро манзури ҳозирин намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар факултети электромеханикаи Донишкада то охири моҳи ноябр “Моҳвораи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии факултети электромеханика бахшида ба Рӯзҳои Конститутсия, Рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома пайдо менамояд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов