Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати таълим ва факултети корҳои кӯҳӣ семинари илмӣ-назариявӣ оид ба қабули қатъномаи ЮНЕСКО “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар омӯзгорону кормандон фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабиниро сардори раёсати таълим олими ҷавон Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Эъломия Куруши Кабир, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷанбаҳои омӯзандаи Эъломияи Куруш, талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи дубораи фарҳанги миллӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Эъломияи Куруши Кабир намунаи боризи тамаддунофариву тамаддунсозии миллати тоҷик мебошад. Осими Оқил иброз дошт, ки бо ибтикори Сарвари хирадманди кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи ЮНЕСКО “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” бори дигар аз фарҳанги баланди миллати тоҷик шаҳодат дода, дар таҳкими фарҳанги умумибашарӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар семинари имрӯза декани факултети корҳои кӯҳӣ олими ҷавон, дотсент Маҳмудов Ҳасанбой дар мавзуи “Эъломияи Куруши Кабир оғози озодиҳои инсоният”, омӯзгори кафедраи конҳои канданиҳои фоиданок Бобоҷонов Савриддин дар мавзуи “Куруши Кабир ва такрори таърих” маъруза намуда, қайд намуданд, ки имрӯз корномаҳои ҷовидонаи Куруши Кабир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати аҳли башар такрор меёбад. Зеро сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат дар шароити кунунӣ аз ин чиз гувоҳӣ медиҳад.
Дар фарҷоми семинар донишҷӯён ба маърузакунандагон суолҳо дода, роҷеъ ба корномаи Куруши Кабир, Эъломияи Куруши бузург маълумоти муфассал гирифтанд.


