БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ

Санаи 17-уми ноябр ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали худ Давлатзода Давлат аз кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ дидан намуда, бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар ин факултет шинос шуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиён Саидмуқбил ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки раёсати Донишкада аз ин талошу кӯшишҳои олимону омӯзгорон огоҳӣ дораду ҳаракат мекунад, то ҳавасманд созад.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиён Саидмуқбил махсус сипос гуфта, изҳор дошт, ки аҳсан бар Шумо олими ҷавон ва заҳматкаш! Фаъолияти Хоҷиён Саидмуқбил бояд барои ҷавонон намуна бошад…
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон айни замон корҳои созандагиву ободонӣ дар авҷ қарор дошта, тамоми ҳайати профессорию омӯзгорӣ барои ободониву созандагӣ ва боқӣ гузоштани номи нек талош менамоянд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов