Имрӯз омӯзгори варзида, олими ҷавон, шахсияти поквиҷдон, ҷавони ватандӯсту содиқ ба арзишҳои миллӣ, аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устоди беҳтарини иқтисод, фарди бонангу номус ва покиродат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мирзозода Воҳидҷон зодрӯз доранд, ки он касро аз самими қалб табрику таҳният гуфта барояшон беҳтарин лаҳзаҳои ҳаётро таманно менамоем.
Воҳидҷон аз қабили он ҷавононе ҳастанд, ки одамгариву инсониятро дар ҷойи аввал мегузоранд ва аз бачаҳои қавлу амал мебошанд. Борҳо бо ҳамкорон шоҳиди ин ҳолат будеме аксарият ин хислати устодро хуб медонанд.
Хидматҳои Мирзозода Воҳидҷон дар тарбияи насли ҷавон басо бузург аст ва аллакай шогирдони эшон дар корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянду дар роҳи интихобнамудаи хеш муваффақ мебошанд, ки ин ҳам аз заҳмати устод вобастагии сахт дорад.
Мешавад гуфт, ки устод Мирзозода В. фидоии касбу кори хешанд ва ҷиҳати иҷрои рисолат сарсупурдагӣ нишон медиҳанд.
Чандин бор дар роҳи хайру садоқат барои барҷомондагону ятимон амалҳои хайре анҷом доданд, ки ин ҳам аз инсонияти волои он кас шаҳодат медиҳад.
Албатта, дар бораи одамгариву инсонияти устод Мирзозода Воҳидҷон хеле гуфтан мумкин аст, чунки ҳамнишинону ҳамандешагонаш низ инсонҳои воло ва соҳибмактаб ҳастанду чунин инсонҳо барои ҷамъият хеле заруранд.
Устоди арҷманд Мирзозода Воҳидҷон шуморо аз номи тамоми ҳайати профессорию омӯзгори донишкада табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву саодатмандӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. Бигзор ҳамеша дар ҳаёт, дар кору бор муваффақ бошеду гардиши фалак ба табъатон бошад. Садсола шаведу давлати пирӣ бинед ва ҳамеша тарбиятгари насли ҷавон бимонед.
Зодрӯз хуҷаста бод муҳтарам Мирзозода Воҳидҷон!
