Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Андешаҳо доир ба навиштани рисола. Нақши математика ва баъзе мафҳумҳои математикӣ…”

Дар кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040″ бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Андешаҳо доир ба навиштани рисола. Нақши математика ва баъзе мафҳумҳои математикӣ. Хосиятҳои функсияҳо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ нахуст мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин сухан ронда, изҳор дошт, ки математика асоси фанҳост ва таваҷҷуҳ ба рушди математика ин саҳмгузорӣ ба рушди дигар фанҳои техникӣ мебошад. Мавсуф, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар шароити муосир донистани математика хеле муҳим ва зарурӣ мебошад.

 Сипас, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Зиёмидинов Б.М. дар дар мавзуҳои “Андешаҳо доир ба навиштани рисола. Нақши математика ва баъзе мафҳумҳои математикӣ. Хосиятҳои функсияҳо” маъруза хонд.

Дар интиҳои семинар омӯзгорон ба дотсент  Зиёмидинов Баҳодур доир ба мавзуъ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот

М.Саидов