СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, баҳри баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони тараққиёти технологияи иттилоотию коммуникатсионии муосир, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки бо баргузории озмунҳои фаннӣ ҳавасмандии донишҷӯёнро барои таҳсил дар самти илмҳои дақиқ – риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ ҷалб намоянд. Ҷалби донишҷӯён ба таҳсилоти касбӣ ва тахассусӣ дар он вақт мукаммал мегардад, ки донишҷӯёни хатмкунанда сатҳи тахассуснокиашонро баланд намуда, роҳи зиндагии хешро аз рӯи касби худ муайян намоянд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ пайваста  зикр менамоянд, ки тайёр намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаи асосии олимону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Инчунин, дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳар яки мо омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз салоҳиятнокии касбӣ баҳри амалигардонии ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат камари ҳиммат баста, мутахассисони ба талаботи байналмилалии бозори меҳнат ҷавобгӯро омода намоем.

Ҳамзамон, дар паёми солонаи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» – ро эълон намуданд. Ин ғамхории Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бештар ба илмҳои дақиқ – риёзӣ ва техникӣ таваҷӯҳ зоҳир намоянд.

Пешвои миллат умедворӣ аз он намуданд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд гузоранд.

Дар Паёми набатии худ, ки санаи 21.12.2021с., ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем.

Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ – дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан ниҳоят душвор мегардад.

Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Бо вуҷуди он, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Инчунин, Пешвои миллат қайд намудадн, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Аз ин лиҳоз, мо омӯзгоронро зарур аст, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ дониста, барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони имрӯза кушиши худро ба харҷ диҳем.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат муассисаҳои олии касбиро вазифадор намуданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ бештар таваҷҷӯҳ дода шавад. Аз ин лиҳоз, мо омӯзгоронро зарур аст, ки бештар аз воситаҳои муосири таълим, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномаҳои замонавии компютерӣ истифода бурда, донишу малакаи мутахассисони оядаро баланд бардорем. Вобаста ба ин, мо зиёиён бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои маорифпарварамон сатҳу сифати таълимро мунтазам баланд бардорем.

Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд омӯхтани технологияи иттилоотию коммуникатсионии муосир, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мо омӯзгорону олимонро зарур аст, ки аввал дониши базавии мутахассиси ояндаро дар самти илмҳои дақиқ – риёзӣ ва табиӣ баланд бардорем. Чунки омӯзиши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ бе донистани илмҳои дақиқ – риёзӣ ба мутахассис муясар намегардад, ки нозукиҳои касби  интихобнамудаи худро дар сатҳи зарурӣ дарк намуда, мавриди истифода қарор диҳад.               

Туев Ш.Ш.

  1. мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии

    Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон