Муовини аввали ректори Донишкадаи касбии Заочжуан бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо муовини аввали ректор Давлатзода Давлат мулоқот намуд. Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат оид ба густариши ҳамкориҳо, табодули академӣ ва ифтитоҳи марказҳои табъу нашр ва фарҳангу ҳунар, ифтитоҳи факултети муштарак, густариши дӯстиву рафоқат, рушди ҳамкориҳои илмӣ, суҳбат намуда, ба меҳмонон сипосмандии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро расонид.
Давлатзода Давлат зимни суҳбат ба ҳамтои хориҷиаш таъкид намуд, ки мо дар муносибат аз дипломатияи баланду волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор мегирем ва ҳамеша хосториву дӯстиву рафоқат ва муносибати созанда ҳастем.
Муовини аввали ректори Донишкадаи касбии Заочжуан ба муовини аввали ректор Давлатзода Давлат барои суҳбати баланду самимӣ ва қабули сатҳи воло изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки минбаъд мехоҳад ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, тақвияти дӯстӣ ва равобити муштарак бо Давлатзода Давлат бештар муколама намояд.
Дар ин ташрифот ҳамчунин муовини аввали ректорро директори Парки техенологӣ дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ҳамроҳӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ вусъат ёфта, қарор аст, ки дар солҳои минбаъда, табодули донишҷӯён мунтазам сурат бигирад. Айни замон ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов




