Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали худ Давлатзода Давлат бо ҷараёни таъмиру таҷдид ва корҳои ободонӣ дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав шинос шуда, ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шуҳрат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамзамон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷараёни таъмиру бозсозӣ ва ободкориҳо дар кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ дидан намуда, бо донишҷӯён мулоқот намуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Ҳаёт Раҳимӣ барои фаъолияти пурсамар, рушд додани корҳои илмӣ дар кафедра, бунёду азнавсозии синфхонаҳои таълимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки Ҳаёт Раҳимӣ ҳамчун ҷавони ватандӯст ва меҳнатдӯст метавонад, беҳтарин шогирдонро омода созад.
Шуъбаи иттилоот


