БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВИИ ТАРБИЯВӢ ДАР ДОНИШКАДА

Тибқи барномаи тасдиқнамудаи раёсати тарбия дар се факултети Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷумла факултети электромеханика, факултети металлургия ва факултети корҳои кӯҳӣ дарси кушоди намунавии тарбиявӣ баргузор карда шуд.
Дар дарси кушоди намунавии тарбиявӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳидҷон, сардори раёсати таълим Осими Оқил, деканҳо ва омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Ба дарси кушоди намунавии тарбиявии омӯзгори кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика Эшоф Зулфон, ба дарси тарбиявии омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон, ба омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия Додохонов Эгам баҳои баланд дода шуд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ба декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, ба омӯзгори ҷавон Эшов Зулфон барои дар сатҳи баланд баргузор намуди дарси кушоди тарбиявӣ ва ҳамзамон чорабиниҳои тарбиявӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки профессор Қозизода Камолуддин аз беҳтарин декан ҳастанд, ки тамоми чорабиниҳо тарбиявӣ ва барномаи самтӣ дар факултети электромеханика дар беҳтарин сатҳи гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ба декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо ва декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой қадр намудани дархости раёсат ва амали намудани барнома изҳори сипос гуфт.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов