БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРПАРАСТОН ДАР ДОНИШКАДА

 
Қисми тарбия яке аз рукнҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ ба таълиму тарбия ҳамеша тавваҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Тарбия намудани насли ҷавон дар шароити имрӯза хеле зарур ва муҳим мебошад.
Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт як қатор корҳои муҳим ба сомон расонида шудааст ва барои пешбурди корҳои тарбиявӣ як чанд ниҳод таъсис дода шудааст.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон роҷеъ ба барномаҳои амалишуда, аз ҷумла барномаи “Ҳафтаи рушди ахлоқ ва худшиносии миллӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии рушди тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақша-чорабиниҳои амалишуда, нақшаҳои минбаъда, сухан ронда, таъкид намуд, ки тарбияи насли ҷавон дар шароити ҷаҳони муосир хеле зарур мебошад ва мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем…
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шурои сарпарастон муовини аввали ректор олими ҷавон Давлатзода Давлат сухан ронда, масъалаи таълиму тарбияро хеле муҳим хонда, изҳор дошт, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии насли ҷавон, баланд бардоштани донишҳои сиёсии донишҷӯён ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпешаву душманситезро муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф, изҳор дошт, ки ҳар як сарпарасти гурӯҳи академӣ муваззаф аст, ки ба донишҷӯ ҳамчун фарзанди худ муроҷиат намояд ва ба роҳи росту донишомӯзӣ ҳидоят намояд.
Дар ҷаласаи Шурои сарпарастон масъалаҳои ҳамкории сарпарастони гурӯҳҳои академӣ бо волидайни донишҷӯён, беҳтар ба роҳ мондани кори тарбия, риояи қоидаҳои дохили Донишкада, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳои самти тарбия баррасӣ карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа ба ҳозирин барои фаъолияти пурсамар ва гузаронидани чорабиниҳои тарғибгари ахлоқ ва рафтори намунавӣ изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов