Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали худ Давлатзода Давлат аз меҳмонхонаи назди Парки технологӣ дидан намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба иҷрокунандаи директори Парки технологӣ дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ва ҳамроҳон ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмири куллии меҳмонхона, ҷоннок намудани кори Парки технологӣ, ҷалби мутахассисони байналмилалӣ барои таҳқиқу пажӯҳиш ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки ҳар як олим, ҳар як омӯзгори содиқ ва ҳар як ватандӯст бояд ҳамин хел талошу кӯшиш намояд, то соҳа рушд ёбад.
Мавсуф, таъкид намуд, ки роҳбарияти донишкада, ҳамеша ҷонибдори олимони фидоиву навовар, пажӯҳишгар ва меҳнатдӯсту садоқатманд мебошад ва мо аз кори Шумо Ҳоҷиев Саидмуқбил хеле розӣ ҳастем. Мо, аз Шумо умеди калон дорем ва барои рушди соҳа бештар шогирд тарбия намоед…
Ёдовар мешавем, ки меҳмонхона дар назди Парки технологӣ ба тозагӣ бо ташаббуси профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил пурра аз нав таҷдиду таъмир гардида, ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд ва дар он тамоми шароити буду бош барои меҳмонон фароҳам карда шудааст. Аз ҷумла, ошхона, ҳаммом, хонаи либосшӯӣ, хонаи фароғатӣ, утоқи адабӣ ва ғайра барои истифода омода карда шудааст. Меҳмонхонаи мазкур барои олимону пажӯҳишгарон ва меҳмонони хориҷӣ, ки ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ даъват карда мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Айни замон, олимону пажӯҳишгарони донишкада дар назди Парки технологӣ ҷиҳати амалӣ намудани 6 лоиҳаи байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ кор кардаистодаанд.
Шуъбаи иттилоот



