БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ -НАЗАРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ ГУМРОҲӢ

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада бо ташаббуси факултети электромеханика семинари илмӣ-назариявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.
Дар семинар декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Айёмиддин Ҷалолов, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Ҷаласаро декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба хатарҳои терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша, оқибатҳои хурофотпарастӣ, зарару зиёнҳои гумроҳшавӣ, хиёнатҳои созмону ҳаракатҳои душманситез, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи ахлоқи ҳамида, ҳушёриву зиракии сиёсӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки мо имрӯз бояд арзишҳои миллиро дифоъ намоем, ба қадри сулҳу субот ва неъматҳо бирасем ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро арҷ гузорем.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур муовини декани факултети электромеханика Анварҷон Саидов дар мавзуи “Экстремизм ва терроризм душмани башарият” ва мутахассиси шуъбаи тарбия Ҷалолов Айёмиддин дар мавзуи “Дониш инсонро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад” баромад намуданд.
Дар интиҳо андешаву пешниҳоди донишҷӯён шунида шуд ва декани факултет профессор Қозизода Камолуддин ба донишҷӯён барои дарки воло ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов