Баргузории дарси намунавии омӯзгор Холбоев Рафиқҷон

Дарси кушоди намунавии омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон аз фанни физика бо донишҷӯёни бахши якум  баргузор гардид.  Дарсро омӯзгори соҳибтаҷриба ва собиқадор Холбоев Рафиқҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мавзуи дарс ва гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ маълумот дод. Холбоев Рафиқҷон ҳамчун педагоги варзидаву собиқадор  аз усулҳои муосири таълими фанни физика махсусан усули таъсиррасонӣ бо тариқи иттилоотӣ кор бурда, мавзуъро ба таври комил шарҳ дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳо ба донишҷӯён вазифагузорӣ намуд. 

Қайд намудан зарур аст, ки фанни физика яке аз фанҳои шавқовар ва муҳим дар ҳаёти имрӯза буда, омӯзиши он ба ташаккули шахсият, рушди тафаккур, баланд гардидани қобилияти эҷодӣ мусоидат менамояд. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ бо ташаббуси мудири кафедраи мазкур профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил тамоми шароит барои омӯзиш ва гузаронидани корҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.  Дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳии донишкада айни замон 16 озмоишгоҳи таълимӣ ва пажӯҳишӣ фаъол мебошад.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов