Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар ҷаласаи назорати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маҷозӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан масъалаи риояи талаботи Низоми кредитии таҳсилот ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардид. Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин, гузориши сардорони раёсатҳои вазорат вобаста ба ин масъала ва вазъи кунунӣ дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ баррасӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот

