БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШУЪБАИ УМУМӢ ВА НАЗОРАТ

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии сардори шуъбаи маъмурӣ- хоҷагидорӣ Азизов Қурбон, омӯзгори факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ашӯров Маҳмудбой аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар шуъбаи умумӣ ва назорат дидан намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоҷонова Манижа ҷиҳати ба роҳ мондани кори шуъба ва оғози корҳои ободонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳри пешрафти кори шуъбаи умумӣ ва назорат, насби овезаҳои марбут ба соҳаи коргузорӣ ва тартиби дурусти қайди ҳуҷҷатҳо чанд машварат дод.
Шуъбаи иттилоот