Имрӯз, тибқи супориш ва дастури муовини аввали ректор Давлатзода Давлат сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил аз ҷараёни дарсҳо дар озмоишгоҳҳои кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ боздид намуда, бо донишҷӯён мулоқот намуд.
Мавсуф зимни мулоқот бо донишҷӯён изҳор дошт, ки дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ бо ташаббуси мудири ҷавон, профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил зиёда аз 12 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст ва дари ҳамаи ин озмоишгоҳҳо барои донишҷӯён боз асту Шумо метавонед аз он фаровон истифода баред ва донишҳои назариявии худро мустаҳкам гардонед.
Ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ аз фаъолтарин ҳайати педагогӣ дар факултаи корҳои кӯҳӣ маҳсуб меёбад ва Шумо донишҷӯён аз донишу малака ва устодон самаранок истифода намоед, зеро ҳар лаҳза фурсат аст, барои донишҳои навро аз худ намуданд…
Гуфта шуд, ки баъзе таҷҳизот ва технологияҳои мавҷуда дар озмоишгоҳҳои кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ ҳатто дар дигар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.
Ҳамчунин, дотсент Осими Оқил миннатдории раёсати донишкадаро ба самъи омӯзгорони кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ расонида, ба мудири кафедра профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил сипосмандӣ намуд.
Шуъбаи иттиллот
М. Саидов

