
Имрӯз яке аз олимони ҷавон, омӯзгори асил, ихтироъкори варзида, ҷавони ватандӯсту меҳнатдӯст, омӯзгори содиқ ва қавиирода, ҷавони нексиришту накӯном, устоди арҷманд мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ, профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил зодрӯз доранд.
Мо, ин ҳамкори арҷманд ва гиромиро ба муносибати солгарди зодрӯз табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва сиҳатмандиву муваффақият таманно менамоем.
Ҳоҷиев Саидмуқбил аз ҷавонони пешқадам, аз омӯзгорони варзида ва аз олимони муваффақ дар донишкада мебошад, ки барои рушди донишкада ва тарбияи насли ҷавон саҳми беназир гузоштааст.
Маҳз дар давраи мудирии Ҳоҷиев Саидмуқбил дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ 12 озмоишгоҳи наву замонавӣ таъсис дода шуд ва 3 нафар шогирд тарбия намуд, ки бомуваффақият рисолаи номзадии хешро дифоъ намуданд.
Устод Ҳоҷиев Саидмуқбил аз ҷавонони ободкору созанда ва муаллифи 8 китоби дарсиву пажӯҳишӣ ва 123 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошанд. Мақолаҳои профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Белорусия, Олмон, Штатҳои муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии мардумии Чин, Дания, Норвегия ва Британияи Кабир ва ғайра ба нашр расидааст.
Профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил аз ҷавонони пешқадами донишкада буда, барои рушди илм ва инноватсия як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз рафтор ва фаъолияти профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил сипосманд буда, ба он кас барои рушди минбаъдаи корҳояшон ва фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ муваффақият таманно намуда, дар зиндагӣ тансиҳативу хотирҷамъӣ ва сарбаландиву хушиқболӣ таманно менамояд.
ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД УСТОДИ АРҶМАНД ҲОҶИЕВ САИДМУҚБИЛ!
Шуъбаи иттилоот