Санҷиши ҷараёни таълим дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз, тибқи супориш  ва дастури муовини аввали ректор Давлатзода Давлат сардори раёсати таълим Осими Оқил аз ҷараёни таълим дар факултети корҳои кӯҳӣ санҷиш гузаронид. Зимни баргузории санҷиш аз ҷараёни таълим бо донишҷӯён низ суҳбатҳои ошкоро сурат гирифт.

Сардори раёсати таълим Осими Оқил  бо донишҷӯён суҳбат намуда, роҷеъ ба фаҳмиш ва дарки мавзуъ, душвориҳои азхудкунӣ ва усули дарсгузарии омӯзгорон пурсид, ки донишҷӯён методи дарсгузарии омӯзгорон Сулейманова Назокатхон ва Хӯҷамов Санъатҷонро баҳои баланд доданд. Санҷида шуд, ки зимни баргузории дарс омӯзгорон аз аёниятҳо ва таҷҳизоти фанни истифода мебаранд ва аксарияти донишҷӯён мавзуъро фаҳмидаву хуб ба дарс омодагӣ дидаанд. 

Сипас, сардори раёсати таълим Осими Оқил аз номи раёсати донишкада ба омӯзгорон Сулейманова Назокатхон ва Хӯҷамов Санъатҷон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани дарс, бо масъулияти баланд таълим додан, завқи донишҷӯёнро ба дарсхонӣ зиёд намудан, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки муаллимаи арҷманд, номзади илмҳои техникӣ Сулейманова Назокатхон аз омӯзгорони фаъол ва соҳибтаҷриба дар факултети корҳои кӯҳӣ буда, дар гурӯҳҳои русӣ ва тоҷикӣ ба донишҷӯён аз фанҳои техникӣ таълим медиҳад ва яке аз омӯзгорони муваффақу соҳибтаҷриба дар донишкада  мебошад.

Хӯҷамов Санъатҷон низ аз омӯзгорони ҷавони пешгом  ва соҳибтаҷриба дар факултети электромеханика буда, аз фанҳои техникӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад. Мавсуф низ дар таълими фанҳои марбут ба соҳаи мошинсозӣ ва банду басти он аз мутахассисони пешдаст ва комгор дар донишкада мебошад…

Сардори раёсати таълим Осими Оқил аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар ҳолати паёдо шудани ниёз ба адабиётҳои таълимӣ ва ё сарчашмаҳои таълимӣ метавонанд ба китобхонаи илмӣ-электронии донишкада муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самтҳои кӯҳкориву металлургия, энергетикаву саноат ва мошинсозиву заргарӣ мутахассисонро омода менамояд. Дар ин боргоҳи таълимӣ беҳтарин шароит барои таълим фароҳам оварда шудааст ва бештари омӯзгорон бо таҷрибаи баланди корӣ дар соҳаи саноат ба донишҷӯён дарс мегӯянд. 

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов