ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД УСТОД МАҲМУДОВ ҲАСАНБОЙ!

Имрӯз, яке аз олимони ҷавон, омӯзгори фаъол, ҷавони ватандӯст ва содиқ, шахси ватандӯсту меҳандӯст, ҷавони нексиришту накӯном, ободкору созанда декани факултети корҳои кӯҳӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Маҳмудов Ҳасанбой зодрӯз доранд, ки мо ин олими ҷавонро ба ин рӯзи нек ва санаи муборак табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва тани сиҳату умри дарози пурбаракат таманно менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз рафтор ва фаъолияти пурсамари ин ҷавони поквиҷдон ва омӯзгори асил сипосгузор буда, барояшон дар ин рӯзи милод муваффақияту комгорӣ ва пирӯзиву сарбаландӣ таманно менамояд.
Ёдовар мешавем, ки олими ҷавон Маҳмудов Ҳасанбой аз ҷавонони созандаву серталош буда, аз омӯзгорони сертаҷриба ва дорои усули махсуси таълимӣ мебошад ва барои тарбияи насли ҷавон ва мутахассисони варзида хеле саҳми беназир гузоштааст. Мавсуф дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат дар донишвада аз устодони пешсаф мебошад.
Мо, олими ҷавон ва фаъолу сарпурда Маҳмудов Ҳасанбойро бори дигар ба рӯзи мавлуд табрику таҳният гуфта, барояшон дар иҷрои рисолати бузурги омӯзгори барору муваффақиятва дар зиндагӣ сарбаландиву саодатмандӣ, сиҳатмандиву муваффақият таманно дорем!
ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД УСТОДИ АРҶМАНД МАҲМУДОВ ҲАСАНБОЙ!